Бар гузориши хабаргузории «Ибна» ба нақли CNN, садҳо тазоҳуркунанда дар минтақаи Манҳэттени Ню-Йорк зидди таҷовузи Амрико ва режими сиёнистӣ ба Эрон роҳпимоӣ карданд.
Тазоҳуркунандагон шиори «Не ба ҷанг» сароданд ва аз ҳукумати Амрико хостанд, то ба ҷои сарфи маошҳои мардум барои ҷанг дар кишварҳои дигар, онро барои таъмин кардани эҳтиёҷҳои асосии мардум сарф кунад.
Тазоҳуркунандагон эълон карданд, ки ҷанг бо Эрон мухолифи шиорҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, дар давраи таблиғоти интихоботӣ аст.
Ҷамъомадкунандагон дар баёнияе эълон карданд, ки низомиёни амрикоӣ дар ин ҷанг қурбони манфиатҷӯии ширкатҳои нафтӣ ва корхонаҳои истеҳсоли силоҳ мешаванд.
Тазоҳуркунандагони амрикоӣ бо роҳпимоӣ дар кӯчаҳои Ню-Йорк, таҷовузи Амрико ва режими сиёнистӣ зидди Эронро маҳкум карданд.
Your Comment